Хабарҳо
Баргузории семинари омўзишӣ дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Дар доираи соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори таълимии дастгоҳи марказии Амонатбонк бо иштироки мудирон ва кормандони алоҳидаи филиалҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ оид ба талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва уҳдадориҳои ба он таъиншуда», шарҳи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассисони Идораи ҳуқуқи Раёсати Бонк семинари омўзишӣ гузаронида шуд.
Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо ҳайати кории Бонки Рушди Осиё
Санаи 04/04/2024 раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо роҳбари ҳайати кории Бонки Рушди Осиё муҳтарам Дай Чанг Сонг дар бинои марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.
Истиқбол аз ҷашни Наврӯз дар Амонатбонк
Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.
15 - март Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Санаи 13 марти соли ҷорӣ бо донишҷўёни ихтисосҳои “Иқтисоди ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ”-и Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии омўзишӣ доир гардид.