Чорабинии омӯзишӣ оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият

27 апрели 2024

Санаи 24 апрели соли 2024 бо иштироки васеи кормандони Бонк дарси машваратӣ дар мавзўи «Натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории баҳодиҳии хавфҳои коррупсионии Бонк дар микъёси ҷумҳурӣ» баргузор гардид.

Дарси машваратӣ аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи раиси раёсати Бонк гузаронида шуда, қайд карда шуд, ки тадбирҳои пешгирикунанда ҷузъи муҳими низоми муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, ҳадафан баҳри пешгирии сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда нигаронида шудаанд. Барои пешгирӣ ва рафъи сабабу шароитҳое, ки ба зуҳури ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, алалхусус ба коррупсия алоқаманд шароит фароҳам меорад, нахуст сарчашмаи пайдоиши он бояд муайян ва ошкор карда шавад. Зеро бидуни муайян ва ошкор кардани сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ муқовимат ба ин падидаи номатлуб мушкил мегардад.

Бо мақсади муайян намудани сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ, ошкор, бартараф ва ё коҳиш додани хавфу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар вазорату кумитаҳо, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» қабул карда шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун як узви институти давлатӣ дар баробари дигар вазорату идораҳо ҷиҳати татбиқ намудани Методологияи мазкур гуруҳи кории баҳодиҳӣ ва ошкори хавфҳои коррупсиониро дар Бонк бо фармоиши Раиси Раёсати КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 18 апрели соли 2023, таҳти №100 таъсис додааст. Аз ҷониби гурўҳи корӣ дар соли 2023 ҳисоботи таҳлилӣ оид ба ошкори хавфҳои коррупсионӣ дар Бонк омода карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои ошкоргардида нақшаи мукаммал барои солҳои 2024 – 2025 таҳия карда шуда, аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк 27 декабри соли 2023 тасдиқ карда шудааст.

Махсусан қайд гардид, ки натиҷаи азнавтаҳлилкунӣ ва азнавбаҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Бонк нишон дод, ки ҳолатҳои ошкор ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ тибқи талаботи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ба роҳ монда шуда, фаъолияти гуруҳи кории мазкур аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба дигар вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ нисбатан беҳтару хубтар баҳогузорӣ карда шудааст.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк