Хабарҳо

Кормандони филиали №16-и ноҳияи Файзободи КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.
14 декабри 2023

Кормандони филиали №16-и ноҳияи Файзободи КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

Бинои тозатаҷдиди филиали №16-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк » дар ноҳияи Файзобод дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба истиқболи 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нави филиали рақами 16-и "Амонатбонк" дар ноҳияи Файзобод мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз  40 нафар кормандон, ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд, шароити муосири кору  фаъолият муҳайё гардидааст.


Маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк”
13 декабри 2023

Маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк”

Санаи 13-уми декабри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонк Икромӣ С.С., ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк” сурат гирифт.


Таҷлил аз  29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар “Амонатбонк”.
08 декабри 2023

Таҷлил аз 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар “Амонатбонк”.

Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ҳамоиш доир гардид.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., номзади илмҳои таърих, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузори ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва ҳайати кормандони Бонк доир гардид.


Ба истифода додани бинои хуштарҳу замонавии филиали рақами 28-и КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Зафаробод
07 декабри 2023

Ба истифода додани бинои хуштарҳу замонавии филиали рақами 28-и КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Зафаробод

Бинои хуштарҳу замонавии филиали рақами 28-и КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Зафаробод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бино филиал аз 2 ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад ва барои тақвияти  хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст. Ин бино ҳам қаблан дар тавозуни ҶСК “Агроинвестбонк” қарор дошт ва Амонатбонк баъди харидорӣ онро куллан таъмир намуд.



Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк