Хабарҳо

Мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк бо роҳбари ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
28 сентябр 2023

Мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк бо роҳбари ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд


Санаи 25 сентябри соли ҷорӣ Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом  роҳбари ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муҳтарам Френсис Малиҷ дар бинои марказии Амонатбонк қабул намуданд.


Ташрифи гурухи кории ҶС "Беларусбанк" ба КВД БА ҶТ "Амонатбонк" ҷиҳати иштирок намудан дар семинари табодули таҷрибаи тарафайн
28 сентябр 2023

Ташрифи гурухи кории ҶС "Беларусбанк" ба КВД БА ҶТ "Амонатбонк" ҷиҳати иштирок намудан дар семинари табодули таҷрибаи тарафайн

Санаи 27-28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории ҶС "Беларусбанк" таҳти роҳбарии директори департаменти муносибатхои байналхалки директори ҶС "Беларусбанк" Амарин Алексей ва 6 нафар роҳбарони филиалҳои минтакавии ҶС "Беларусбанк" барои иштирок намудан дар семинари табодули таҷрибаи тарафайн ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.


Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Директори генералии филиали China Construction Bank- и Ҷумҳурии Халқии Хитой
28 сентябр 2023

Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Директори генералии филиали China Construction Bank- и Ҷумҳурии Халқии Хитой

Санаи 27 сентябри соли 2023 мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Директори генералии филиали China Construction Bank- и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Ван Сунхуа баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.


Иштироки Амонатбонк дар маросими кушодашавии барномаи GEFF Tоҷикистон II
27 сентябр 2023

Иштироки Амонатбонк дар маросими кушодашавии барномаи GEFF Tоҷикистон II

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маросими кушодашавии барномаи GEFF (Green Economy Financing Facility) Tоҷикистон II баргузор гардид. Дар маросими мазкур Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуданд.  


Таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк»
21 сентябр 2023

Таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

Санаи 21 сентябри соли 2023 ҷаласаи навбатии гурўҳи кории доимоамалкунандаи Бонк оид ба таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк»  таҳти роҳбарии Муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муқовимат ба коррупсия Нигора Муқимӣ ва муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсия Насрутдинзода Қиёмиддин, баргузор гардид. Рўзномаи ҷаласаи мазкур ба баррасии натиҷаи давраи якуми таҳлили фаъолият ва вазифаҳо барои давраи дуюми таҳлили фаъолият гуруҳи корӣ бахшида шудааст. Ҷаласаро Муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З ҳусни ифтитоъ бахшида, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ин давра маълумот доданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк