Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Санаи 14-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Дар намоишгоҳ соҳибкорону сармоягузорон, ташкилотҳои қарзии кишвар, корхонаҳою ширкатҳои саноатӣ молу маҳсулоташонро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук, саноати вазнин, металлургия, хизматрасонии бонкӣ, алоқаи мобилӣ, бахши фармасевтӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳо ба намоиш гузоштанд.
Дар баробари дигар ташкилоту корхонаҳо “Амонатбонк” низ ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози кишвар иштирок намуда, маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошт.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои «сабз», рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.













