Оғози ҳамкориҳои судманд байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон

15 сентябр 2023
Санаи 15 сентябри соли 2023 мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо роҳбари ҳайати ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон - муовини Раиси Раёсати Халқ-Бонк муҳтарам  Дилшод Қутлиев баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо паҳлӯҳои муҳими оғози ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталифи бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва дар заминаи он тақвият бахшидани амалиёту пардохтҳо бо асъорҳои хориҷӣ, дарёфти масирҳои нави ҳамкорӣ байни бонкҳо ҳамчунин, табодули таҷриба дар бахшҳои гуногун, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ  ва таъсис додани фазои сармоягузории муштарак ва дигар мавзӯҳои вобаста ба соҳаи бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
Дар маҷмуъ мулоқоти дуҷониба дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо баргузор гардида, нақшаи ҳамкориҳои муштарак байни роҳбарони бонкҳо баррасӣ гардид.

Амонатбонк ҳамчун, як институти молиявии кишвар ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар рушди босуботи иқтисоди миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк