Хабарҳо

Баргузории ҷаласа оид ба муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд
15 май 2025

Баргузории ҷаласа оид ба муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд

Санаи 14-уми майи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, таҳти №11-919 дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонк – Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Раҳимзода Д. ва нозири ҳамин раёсат Зокирзода В. баргузор гардид. Дар муҳокима тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк иштирок намуданд.


Амонатбонк яке аз беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда ба бонувони соҳибкор дониста шуд.
14 май 2025

Амонатбонк яке аз беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда ба бонувони соҳибкор дониста шуд.

Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон маросими ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» баргузор гардид.


Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”
02 май 2025

Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагони мо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, инчунин, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.


Фестивали “Саводнокии молиявӣ”  дар шаҳри Норак
01 май 2025

Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Норак

Санаи 30-юми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар доираи фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар Қасри фарҳанг ва майдони марказии шаҳри “Норак” форуми саводнокии молиявӣ ва намоиши маҳсулотҳои молиявӣ  баргузор гардид.


«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ
28 апрел 2025

«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ

Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ», ки барои кўдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки ҳамасола бо ибтикори ширкати байналмилалии Global Money Week гузаронида мешавад бо иштироки зиёда аз 200 нафар муҳассилини мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар филиали №68-и ноҳияи Дарвози ВМКБ чорабиниҳои хотирмон ва судманд доир гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк