Хабарҳо
Пора ҳамчун кирдори коррупсионӣ ва оқибатҳои ногувори он
Ташаккулёбии давлати ҳуқуқбунёд дар омилҳое, ки бо тағйиротҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии ҷамъият алоқаманд мебошад, ба вуҷуд меояд. Аз як тараф, ҷудонопазирии ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ ҷараёни бунёди муносибатҳои навро байни давлат ва ҷамъият мушкил мегардонад ва аз тарафи дигар бошад масъулият барои бунёди муносибатҳои нав байни давлат ва шахсият ба мақомотҳои давлатӣ вогузошта шудааст.
Филиали Амонатбонк дар ноҳияи Кушониён ғолиби мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд гардид.
Бахшида ба санаи 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол миёни ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Кушониён барои дарёфти ҷоми Раиси ноҳияи мазкур мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд баргузор гардид.
Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд миёни кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои “Амонатбонк”
Санаи 22-юми майи соли равон дар майдончаи варзишии “Амонатбонк” воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва аҳли кормандон ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд ба муносибати “25 май-Рӯзи ҷаҳонии футбол” доир гардид.
Иштироки кормандони “Амонатбонк” дар Рузидави миллӣ
Ҳамасола бо иштироки кормандони вазорату идораҳоидавлатӣ рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар кишвар Рузидави миллӣ ва дар доираи он мусобиқаи велосипедронӣбаргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ дарсатҳи баланд баргузор гардида, дар он теъдоди зиёдииштирокчиён бо омодагии хос ба давидан машғулгардиданд.
Баргузории ҷаласа оид ба муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд
Санаи 14-уми майи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, таҳти №11-919 дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонк – Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Рабизода Д. ва нозири ҳамин раёсат Зокирзода В. баргузор гардид. Дар муҳокима тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк иштирок намуданд.