Иштироки роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус

09 июн 2022

Санаи 08-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар рафти баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва Раиси Раёсати ҶСК «Бонки рушди Белорус» Егоров Александр Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур байнисоҳавӣ буда, ба имзо расонидани он дар рушди муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ба манфиат хоҳад буд.
Мақсад ва ҳадафҳои ҷонибҳо пеш аз ҳама густариш додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба шумор меравад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк