Иштироки занону бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо”

01 июл 2021
Санаи 30-юми июн бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид. Дар Фестивали мазкур вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт бо намоиш додани либосҳои хуштарҳу рангоранг иштирок намуданд. 

Занону бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” низ бо муаррифии либоси касбии хеш дар фестивали мазкур фаъолона ширкат намуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Моҳияти баргузории Фестивали "Ҷилваи рангҳо" тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон мебошад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк