МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Коррупсия амали номатлуб буда, боиси нигаронии ҷомеаи муосир гаштааст. Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди босуботи давлату миллат ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа монеаҳои ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Тазаккур бояд дод, ки ҳатто аксари мамлакатҳои абарқудрату пешрафтаи дунё аз афзун гардидани чунин амали номатлуб изҳори нигаронӣ менамоянд.
Аз даврони соҳибистиқлол гаштани Ватани азизамон, масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, решакан намудани он дар маркази таваҷҷуҳи пайвастаашон қарор дорад.
Бо дарки зарурият ва муҳимияти масъала, Пешвои миллат пайваста дар суҳбатҳояшон таъкид месозанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия» яъне шуруъ аз 25-уми сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», аз 14 декабри соли 2010, № 968, «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», аз 3 августи соли 2021, №222, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 14 декабри соли 2010 № 968, «Дар бораи Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия», аз 25 ноябри соли 2015, № 587, «Методологияи мониторинги омории вазъи муқовимат ба коррупсия», аз 29 майи соли 2018, № 253 аз ҷумлаи онҳост.
Тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» зери мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаҳмида мешавад.
Бо дар назардоштани гуфтаҳои болозикр, механизми татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар фаъолияти бонкӣ, низоми амалии гузариши талаботи умумидавлатӣ ба дастурамалҳои дохилии бонкӣ мебошад. Иҷрои ин Стратегияи мазкур дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он сурат мегирад. Бонкҳо ҳамчун субъектҳои асосии молиявӣ вазифадоранд, ки ҳадафҳои давлатиро ба равандҳои ҳаррӯзаи худ ворид кунанд.
Низоми бонкӣ унсури калидии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, суботи молиявӣ ва эътимоди шаҳрвандонро ба давлат таъмин менамояд. Азбаски дар ин соҳа гардиши калони маблағҳои пулӣ сурат мегирад, албатта хавфи пайдоиши омилҳои коррупсионӣ, суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ҳамеша баланд аст. Татбиқи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаҳои якум (солҳои 2021-2025) ва дуюм (солҳои 2026-2030), ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 ва 6 марти соли 2026, №1145 ба тасвиб расидааст, дар соҳаи бонкдорӣ аҳамияти стратегии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дорад.
Низоми ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар фаъолияти бонкӣ хусусияти маҷмуӣ, яъне комплексӣ дошта, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи олии ҳуқуқии таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликият мебошад.
Дар низоми бонкӣ муқовимат ва решакан намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ, яке аз самтҳои асосии идоракунии хавфҳо мебошад. Самаранокии мубориза бо коррупсия аз сиёсати дурусти кадрӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, интихоби шаффофи кадрҳо, ҷобаҷогузории мақсаднок, аттестатсияи мунтазам ва ротатсияи воҳидҳои калидии сохтор ва кормандон воситаи муҳими пешгирӣ ба ҳисоб меравад.
Механизми иҷрои стратегия дар соҳаи бонкдорӣ ба тақсимоти аниқи вазифаҳо байни субъектҳои ҳуқуқӣ такя мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон Сиёсати ягонаи зиддикоррупсиониро дар соҳаи бонкӣ таҳия ва назорат мекунад. Аз ҷиҳати амалӣ ва ҳуқуқӣ, механизми татбиқи Стратегия дар бонкҳо аз ин унсурҳои сохторӣ иборат аст:
Низоми комплаенс-назорати дохилист, ки ҳар як ташкилоти қарзӣ вазифадор аст, Хадамоти комплаенс-назоратро таъсис диҳад. Ин сохтор мустақил буда, ба Шӯрои Нозирони бонк ҳисоботдиҳанда аст. Вазифаҳои ҳуқуқии он арзёбии мунтазами фаъолияти бонк ба стандартҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ мебошад.
Механизми ҳуқуқие, ки бонкҳоро вазифадор мекунад, рақамикунонӣ ва коҳиши омили инсонист. Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи мазкур ин гузариш ба ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ мебошад.
Мутобиқи муқаррароти қонунгузории кишвар пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳои назорати давлатии молиявӣ, талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансабии ба он баробаркардашуда амалӣ карда мешавад.
Барои коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ Бонк риояи Кодекси одобро ҷоннок намояд, омӯзиши доимӣ гузаронад, низоми хабардиҳии махфиро ташкил намояд, технологияи рақамиро истифода намуда, назорати дохилиро пурзӯр намояд.
Ҳамзамон аз ҷониби аудити дохилӣ механизми ошкор намудани қонуншиканиҳо, арзёбии фаъолияти кормандон ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҷорӣ карда шавад.
Бояд зикр намуд, ки ротатсия низ дар фаъолияти бонкӣ, бахусус дар воҳидҳои калидӣ, самараи хубро ба даст меорад. Аз ҷумла, ташкили робитаҳои манфиатдор, пинҳон намудани қонуншиканиҳо, хотирбинӣ, вобаста ба мавқеъ баҳодиҳӣ ва таъсири ғайрирасмиро пешгирӣ менамояд.
Аз ин лиҳоз, танҳо тавассути фаъолияти поквиҷдонона, масъулиятшиносӣ, назорати доимӣ метавон муҳити солимро таъмин намуда, эътимоди ҷомеа ва мизоҷонро ба низоми бонкӣ таҳким бахшид. Чӣ хеле, ки шоири ноби тоҷик гуфтааст:
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад, аз он намебояд хӯрд.
(Абулқосим Лоҳутӣ)
Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»;
3. Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»;
4. Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»;
5. «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (Фармони Президенти ҶТ аз 03.08.2021, №222).
Таҳмина Илҳомзода - ҳуқуқшиноси асосӣ
оид ба назорати амалисозии
«Стратегияи давлатии муқовимат
ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи соли 2030»
идораи методология ва бозомӯзии
кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк»













