Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии CITI BANK
30 март 2023
Санаи 29 марти соли ҷори ҳайати расмии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом дар бинои марказии CITI BANK дар шаҳри Лондон бо Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии CITI BANK муҳтарам Азиз Рахман мулокот баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот нақшаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба мавриди барраси карор дода шуда, ҷониби CITI BANK таваҷҷуҳи хосаашро иброз намуд, ки омодааст дар ояндаи наздик ҳамкориҳояшро бо КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар сатҳи ҷавобгуй ба талаботҳои имрӯзаи байналхалқи ба роҳ монад.
Масоили муҳиме, ки дар рафти мулоқот мавриди барраси қарор дода шуданд ин пеш аз ҳама, омодаги гирифтан барои фаъолияти муштарак ва дар оянда пас аз омӯзиши ҷонибҳо ҳамкориҳо дар сатҳи амалиётҳои бонкӣ ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Роҳбарияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» имрӯз бо итминони комил гуфта метавонад, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ дар чанд соли охир имкон медиҳанд, ки Бонк дар дилхоҳ самт ҳамкориҳояшро бо бонкҳои бонуфуз ва ташкилотҳои молиявии байналхалқи ба роҳ монад.