Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 феврали 2024

Нимаи дуюмӣ санаи 9 феврали соли ҷорӣ ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии Фаррух Султонов ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти дуҷониба бо раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.

Қайд кардан ба марид аст, ки ҳадафи аслии ташрифи мазкур ин пеш аз ҳама, шиносоӣ бо роҳбарияти Бонк, баррасӣ намудани масъалаи гирифтани қарзҳои дарозмуҳлат аз Амонатбонк бо пули миллии сомонӣ, ҳамчунин муҳокимаи нақшаҳои кории дуҷониба барои 5 соли оянда, ба шумор мерафт.

Дар оғози мулоқот раиси Раёсати “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода А.А. вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2023, маълумот манзур карда, ҳайати мазкурро бо дастовардҳои назарраси молиявии Бонк шинос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, Амонатбонк дар ҳолати устувори молиявӣ қарор дошта, рўз то рўз ҷойгоҳи худро дар низоми бонкии кишвар устувор намуда истодааст.

Роҳбари ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Султонов низ қайд намуданд, ки дар ҳақиқатан имрўз Амонатбонк яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, имкониятҳои молиявиаш имкон медиҳанд, ки дар рушди макроиқтисодии мамлакат саҳми назаррас дошта бошад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои рушд додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф иброз намуданд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк