Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе

13 июни 2023

Санаи 13-уми июни соли ҷорӣ дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе бо иштироки ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатии кишвар намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”" низ дар намоишгоҳ-ярмарка ширкат варзида, ба хатмкунандагони ДДМ ба номи М.В. Ломоносов ва дигар корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд.

Дар рафти намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби масъулини Амонатбонк ба иштирокчиён оид ба тартиби қабул ба кор дар Амонатбонк, хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои гуногуни соҳавӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар қисмати дигари намоишгоҳ-ярмарка бошад аз ҷониби сардори Идораи кормандони Амонатбонк Фаррухзода Сарбоз дар мавзӯи “Амонатбонк ва ҷавонон” ба ҳозирин маъруза пешниҳод гардида, дар доираи он вобаста ба фаъолияти ҷавонон дар Амонатбонк, имконияти рушду пешрафти онҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон ва шарту шароити корӣ дар Бонк маълумот пешниҳод гардид.

Ташкил ва баргузории чунин намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ имкон фароҳам месозад, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо намуда, бо шарту шароит ва роҳнамоиҳои ташкилоту муассисаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ошноӣ пайдо карда, барои ояндаи дурахшони хеш саҳмгузор бошанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк