Намоиши маҳсулоти бонкӣ дар доираи олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ”
Санаи 04-уми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.
Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он нахуст маҳсулот ва хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии кишвар Амонатбонк низ дар намоишгоҳи макзур ширкат варзида, ба иштирокдорон оид ба фаъолият ва хизматрасониҳои худ маълумотҳои зуруриро пешниҳод намуданд.
Иштирокдорон оид ба маҳсулотҳои қарзӣ, намуди пасандозҳо, барномаи мобилии Амонатмобайл, кортҳои бонкӣ ва ғайра суол пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои маърифатию молиявӣ ва ба намоиш гузоштани хизматрасониҳои бонкӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ заминаи муфид мегузорад.













