Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Амонатбонк давоми соли 2025
Санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2025-ум баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода И.Ш., муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд.
Дар оғози нишаст раиси раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2025 маълумот доданд.
Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда, иқдомҳои қарзии Бонк ва қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, фаъолият дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра иборат буд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, бақияи умумии пасандозҳо ва фоизҳои он, тадбирҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии мизоҷон, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии мизоҷон аз амалҳои қаллобон, ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода дар сандуқи қарзӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.













