Хабарҳо

Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати  КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо директори Институти  умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана (WSBI
27 феврали 2024

Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана (WSBI

Дар доираи ҳамкориҳои пурсамари Бонк бо ташкилотҳои молиявиии байналхалқӣ санаи 27 феврали соли 2024, мулоқоти маҷозии дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана муҳтарам Питер Саимонс оид ба густариш додани ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳоди молиявии байналхалқӣ, баргузор гардид.


 Курсҳои омӯзишии маърифати ҳуқуқӣ дар Амонатбонк
23 феврали 2024

Курсҳои омӯзишии маърифати ҳуқуқӣ дар Амонатбонк

Санаи 21 феврали соли 2024  дар бинои дастгоҳи марказии Бонк аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе семинари омўзишӣ дар мавзўи «Дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид. Дар он масъалаҳо вобаста ба роҳу усулҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Бонк изҳори ақида карда шуд.


Ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 феврали 2024

Ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид.


Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбари намояндагии  Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
09 феврали 2024

Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюмӣ санаи 9 феврали соли ҷорӣ ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии Фаррух Султонов ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти дуҷониба бо раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.


Нишасти матбуотӣ дар Амонатбонк
09 феврали 2024

Нишасти матбуотӣ дар Амонатбонк

Санаи 09-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз 40 намояндаи воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” доир ба натиҷаҳои фаъолият давоми соли 2023 баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк