Пешниҳоди маълумоти зарурӣ вобаста ба гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ тариқи радиои “Ватан”.
Ин субҳ мутахассисони Амонатбонк бо шунавандагони радиои “Ватан” вобаста ба фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар иртибот буданд.
Аз ҷониби мутахассисон вобаста ба афзалиятҳои гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, тарзу услуби анҷом додани амалиётҳо тариқи корт ва барномаи мобилии “Амонат-мобайл” маълумотҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Шунавандагон низ дар навбати худ ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Санаи 20-уми июли соли ҷорӣ масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ва мутахассисони Амонатбонк бо шунавандагони радиои “Садои Душанбе” вобаста ба фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар иртибот буданд.
“Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”