«Сайри пойтахт» бо кормандони Амонатбонк

23 май 2024

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аҳли кормандони Раёсат ва филиалҳои Амонатбонк ба сайри пойтахт, шаҳри дилорои Душанбе баромаданд.

Нахуст ҷавонони Бонк аз осорхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дидан намуда, оиди таърих ва дастовардҳои Бонк дар тули фаъолияти бисёрсола маълумот гирифтанд.

Сипас иштирокдорон ба майдони «Истиқлол» ташриф оварда, ба онҳо иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи «Истиқлол» 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Аз осорхонаи таърихии Маҷмааи “Истиқлол” низ боздид ба амал оварда шуда, гуфта шуд, ки осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Дар идома ҷавонони Бонк аз якчанд боғҳои фарҳангӣ фароғатии гулрезу гулбези шаҳр дидан намуда, дар назди рамзи сарбаландии таърихи кӯҳани халқи тоҷик ва оини ватандории аҷдодони бошарафи мо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ акси хотиравӣ гирифтанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк