Семинар дар мавзўи “Банақшагирии гузариши иқлим”

01 май 2024

Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар ҳамкорӣ бо КВД БА ҶТ “Амонатбонк” барои намояндагони бонкҳои тиҷоратии кишвар-шарикони БАТР семинар дар мавзўи “Банақшагирии гузариши иқлим” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар семинар қайд гардид, ки имрўз тағйирёбии иқлим аллакай ба самтҳои мухталифи иқтисодиёт таъсири манфии худро расонида, талафотҳои назаррасе ба рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми кишварҳои олам расонида истодааст.

Ин боиси он гардидааст, ки давоми 55 соли охир шумораи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, гармшавии ҳарорати боду ҳаво, обшавии пиряхҳо, болоравии сатҳи об дар баҳру дарёҳо ва тағйирёбии иқлим беш аз 5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Айни ҳол, тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ мубориза бо тағйирёбии иқлимро вазифаи асосии худ пеша карда, нақши бонкҳоро дар он яке аз бозингарони калидӣ, азрёбӣ намудаанд.

Дар рафти семинари муштараки “Амонатбонк” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, намояндагони ташкилотҳои молиявии кишвар тавонистанд, ки оид ба роҳҳои пешгирӣ аз таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ доштани аҳолӣ ба руши иқтисоди Сабз, маълумотҳои мукаммал дастрас намоянд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ ҳамчун яке аз институти бузурги молиявии кишвар дар ин самт гурўҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис дода, ҳадаф дорад, ки дар ояндаи наздик самтҳои фаъолияти молиявии худро ба принсипҳои Созишномаи Париж мутобиқат гардонида, дар рушди иқтисоди Сабз саҳми назаррас гузорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк