Семинар оиди “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”

23 май 2024

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки муовини Раиси Раёсати “Амонатбонк” Сафарзода Р.С., муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод ва аҳли кормандони Бонк оиди “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, семинари омўзишӣ доир гардид.

Семинари омўзиширо муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Р. С. оғоз намуда, қайд карданд, ки қабул ва тасдиқи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ далолат мекунад. Зеро забони тоҷикӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.

Сипас муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод бо маъруза баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки қоидаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст.

Дар ҷамъбасти семинари омўзишӣ иштирокчиён оиди истифодаи калимаҳои арабӣ, номгузории тоҷикӣ, истифодаи ҳарфи “ў”, истифодаи аломати тире “_”, нимтире “-“ ва дигар масъалаҳои вобаста ба имлои забони тоҷикӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк