Хабарҳо
Курсҳои омӯзишии маърифати ҳуқуқӣ дар Амонатбонк
Санаи 21 феврали соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе семинари омўзишӣ дар мавзўи «Дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид. Дар он масъалаҳо вобаста ба роҳу усулҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Бонк изҳори ақида карда шуд.
Ҳамоиш вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид.
Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нимаи дуюмӣ санаи 9 феврали соли ҷорӣ ҳайати кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии Фаррух Султонов ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти дуҷониба бо раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.
Нишасти матбуотӣ дар Амонатбонк
Санаи 09-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз 40 намояндаи воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” доир ба натиҷаҳои фаъолият давоми соли 2023 баргузор гардид.
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Амонатбонк ҳамоиш доир гардид.
Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” вобаста ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамоиш доир гардид.