Таҷлил аз ҷашни пурифтихори Рӯзи Модар дар Амонатбонк

07 март 2025
Санаи 07-уми марти соли ҷорӣ дар Раёсати “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” Салимзода А.А. занону бонувонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки расман ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо мебошад.

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Гуфта шуд, ки мақоми зани тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии Ватани азизамон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баландтар гардида, занон дар баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ гаштанд ва дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд.

Дар идома аъзоёни фаъоли шӯрои ҷавонони Бонк дар васфи Зан-Модар, қадру манзалат ва бузургдошти ӯ шеърҳои пурмазмун қироат намуда, барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби дастпарварони Филармонияи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад анҷомбахши чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар буд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк