Таҷлили 110 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

06 май 2021

Дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Амонатбонк” бахшида ба 110-солагии шоири зиндаёд, қосиди сулҳу ваҳдат, шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода чорабинӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироики Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва кормандони Бонк баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муҳтарам Икромӣ С.С. баромад намуда аз қадру манзалат ва ҷойгоҳи хоси вассофи сулҳ устод Мирзо Турсунзода ҳарф зада қайд намуданд, ки шоири зиндаёд тӯли фаъолияти кориаш ба мамолики дунё сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода эшонро ҳамчун шахсияти паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид.

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии худро аз матбуот, аниқтараш аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар театр, иттифоқи нависандагон ва дигар сохторҳои давлатӣ кору фаъолияти созанда намудааст. Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1946 ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, дар ташаккули адабиёт нақши назаррас дорад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим низ дар суханронии хеш дар бораи зиндагинома ва ашъори ноби устод Мирзо Турсунзода ҳарф зада иброз доштанд, ки тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти устод мавқеи муҳимеро ишғол мекунад.

Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ва ғайраҳо ба мавзӯи мазкур бастагии зиёде доранд. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот гардид. Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Ин ҳама корнамоиҳо ва заҳматҳои шоистаи устод Мирзо Трусунзода буд, ки эшон ба унвонии фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба 76-умин солгарди Ғалабаи Армияи Советӣ бар Германияи фашистӣ якчанд нафар ҷанговарони башардӯст ки имрӯзҳо дар Амонатбонк кору фаъолият менамоянд аз ҷониби Роҳбарияти Бонк қадрдонӣ гардиданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк