Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаивоҳиди давлатии “Бонки амонатгузории ҶумҳурииТоҷикистон “Амонатбонк”” ба муносибати РӯзиПарчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ доиргардид.
Дар чорабинӣ Раиси Раёсати Бонк СалимзодаА.А., муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказииБонк, аҳли кормандон ва устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирузи Рамазон иштирок доштанд.
Нахуст роҳбарияти Бонк ҳозиринро бо яке аз санаҳои воқеъан таърихӣ барои халқи тоҷик, РӯзиПарчами давлатӣ табрику таҳният намуда, иброздоштанд, ки Парчами давлатӣ, ки ифодагарииттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстивуватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардумифарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу вамақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худинъикос кардааст.
Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчамидавлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи СозмониМилали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳоибонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобитидӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ваиқтисодиву фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳонба роҳ монда, имрӯз дар қатори дигар кишварҳоиаъзои Созмони Милали Муттаҳид ПарчамиТоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои инсозмони бонуфузи байналмилалӣ парафшонмебошад.
«Парчами давлатии мо имрӯз дар радифипарчамҳои дигар давлатҳо парафшонӣ мекунад, киҷойи ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрвандиватандӯст мебошад. Парчам ягона рамзи сиёсӣ аст, ки аз қаҳрамонӣ ва мавҷудияти фарҳангу оинидавлату миллат шаҳодат медиҳад.
Дар идома устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонФирузи Рамазон низ бобати рамзи соҳибистиқлолии Ватан Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки қабули ин рамзи давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣба миллати тоҷик руҳу тавони тоза бахшид.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон аввалин рамзи давлатдорие, ки дар ҷумҳурӣ қабул шуд, Парчами давлатӣ буд, ки имрӯз чун дигар давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистон бо ҳамин рамзҳои давлатдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, маҳбубияти хос пайдо намудааст.
Вобаста ба корнамоиҳову фидокориҳо ва хизматҳои бесобиқа ва мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки орзуву омоли ҳазорсолаи миллати тоҷикро бароварда намудаву Парчами Тоҷикистони азизро бо баландтарин сатҳдар ҷаҳон парафшон намудаанд, изҳор гардид, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвар бо изҳори шукргузорӣ ва қаноатмандӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат, сулҳу субот, амнияти саросарӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбуб рӯзу рӯзгори хушу босаодатро паси сар менамоянд.