Қувваҳои мусаллаҳи кишвар – сипари боэътимоди Ватан

23 феврал 2022

Имсол аз 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Таърихи муосири халқи тоҷик шаҳодат медиҳад, ки Артиши миллӣ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, баъдтар ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.

Бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ якчанд нафар ҷанговарони башардӯст ки имрӯзҳо дар Амонатбонк кору фаъолияти созанда менамоянд аз ҷониби Роҳбарияти Бонк қадрдонӣ гардиданд.

Қайд гардид, ки ҷанговарони интернатсионалист бо дастгирӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва ҳукумати кишвар баҳри ободонӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонону наврасон нақши муассир мегузоранд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк