Хабарҳо
Сафари кории мутахассисони Амонатбонк ба 75 филиалҳои Бонк дар шаҳру навоҳии кишвар баҳри анҷоми корҳои фаҳмондадиҳии нуқтаҳои паёми навбатӣ ва тарғиби фаъолияти соҳа.
Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорию соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ, ки ба зиёдшавии андозҳои маҳаллӣ мусоидат мекунад, инчунин истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ баҳри пешгирии тамбашавии аҳолӣ дар назди филиал, марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳои Амонатбонк ва дар маҷмуъ саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, намояндагони Амонатбонк, ки сарпарастии филиалҳои Бонк дар шаҳру навоҳии кишварро ба зимма доранд, баҳри анҷоми корҳои фаҳмондадиҳии нуқтаҳои паёми навбатӣ ва ҳамзамон тарғиби фаъолияти соҳа бо мақсади гузаронидани ҷамъомад бо фаъолон, раисони маҳалаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ, аз санаи 17 то санаи 22 январи соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ намуданд.
БДА Амонатбонк, «Андозсупорандаи беҳтарин» дар соли 2021 интихоб гардид.
Дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2021 интихоб шудааст.
Дар Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Санаи 16 декабри соли 2021 дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати расмии БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., ҷиҳати иштирок намудан дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд.
Мулоқоти Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
Санаи 10 декабри соли 2021, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом дар доираи Барномаи лоиҳаи кўмаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review - FSSR) бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс мулоқоти фосилавӣ баргузор намуданд.