Дар бораи чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Бо мақсади амали намудани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо Фармони Раиси Раёсат Хадамоти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуд, ки доир ба  роҳ мондани фаъолияти бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм сохтори масъул мебошад.

Вазифаҳои асосии Хадамот ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт  (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оиди амалиётҳои ҳатман назоратшаванда ва шубҳанок ба мақоми ваколатдор (Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон) ва омодаю пешниҳод  намудани ҷавобҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор ва дахлдор мебошад.

Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз руи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои одди ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқати надоранд, гузаронида мешаванд.

Бо мақсади иҷроиши корҳои дар боло дарҷгардида ва амали намудани талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин ҷода Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар БДА ҶТ “Амонатбонк” аз 1 майи соли 2014 таҳти №19 таҳия ва қабул гардид.

Кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бонк тибқи талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии зерин ба роҳ монда шудааст:


Директивҳои асосии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бонк инҳо  мебошанд:

  • муайянкунӣ ва тафтиши мушаххасоти шахсияти мизоҷ ва молик – бенефитсиар;
  • гузаронидани мушаххасоти мизоҷ аз руи усули «Муштарии худро шинос»;
  • мониторинг ва таҳлили амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
  • ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумотҳо оиди муштари ва  амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
  • ташкили пойгоҳи маълумоти оиди шахсоне, ки ба терроризм  алоқаманди доранд;
  • муайянкунии дараҷаи хавфи софкории пул ва мабалғгузории терроризм;
  • воқифкунии роҳбарияти бонк;
  • ташкили тартиби кирои кормандон;
  • ташкили талаботҳои соҳавӣ барои омода ва омузиши кормандон ва гузаронидани семинару омузишҳо ба кормандон;
  • коркарди тартиби аудити дохили барои тафтиши чораҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. 

БДА ҶТ «Амонатбонк» 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734013, ш. Душанбе,  к. Лоҳутӣ 24
E-mail: fin_monitoring@amonatbonk.tj
+992 223 07 35

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк