КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «БОНКИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «АМОНАТБОНК»» барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмуни кушода эълон менамояд

Эълони озмун

13 феврал 2026

Филиали №66 дар ВМКБ:

— Бозраси дараҷаи 1  оид ба кадр;

— Иқтисодчии дараҷаи 1 оид ба қарз;

— Иқтисодчии дараҷаи 2 оид ба қарз;

— Нозир-хазинадор оид ба пардохтҳои коммуналӣ ва дигар пардохтҳо.


Филиали №67 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ:

— Муҳосиби дараҷаи 2 оид ба кортҳои бонкӣ;

— Нозир-хазинадори ивазшавандаи қисми амалиётӣ;

— Нозири калони қисми амалиётӣ;

— Нозир-хазинадори маркази хизматрасонии бонкии №608.


Филиали №68 дар ноҳияи Дарвоз:

— Нозир-хазинадори ивазшаванда;

— Нозир-хазинадори маркази хизматрасонии бонкии №596.


Филиали №69 дар ноҳияи Ванҷ:

— Муҳосиби пешбар оид ба кортҳои бонкӣ;

— Муҳосиби дараҷаи 1 оид ба  кортҳои бонкӣ;

— Нозир-хазинадори маркази хизматрасонии бонкии №604.


Филиали №70 дар ноҳияи Мурғоб:

— Нозир-хазинадор оид ба пардохтҳои коммуналӣ ва дигар пардохтҳо;

— Нозири қисми амалиётӣ.


Филиали №71 дар ноҳияи Рӯшон:

— Муҳосиби дараҷаи 2 оид ба кортҳои бонкӣ;

— Нозир-хазинадори маркази хизматрасонии бонкии №610.


Филиали №72 дар ноҳияи Ишкошим:

— Нозир - хазинадори ивазшаванда;

— Нозир - хазинадор оид ба пардохтҳои коммуналӣ ва дигар пардохтҳо;

— Нозир - хазинадори маркази хизматрасонии бонкии №617;

— Нозир хазинадори МХБ №619.


Филиали №74 дар ноҳияи Шуғнон:

— Иқтисодчии пешбари шуъбаи қарздиҳӣ;

— Нозир-хазинадори маркази хизматрасонии бонкии №625.


Талабот ба вазифаҳои иқтисодчии пешбар, иқтисодчии дараҷаи 1, иқтисодчии дараҷаи 2, хазинадори калон, нозир-хазинадори ивазшаванда, нозир-хазинадор, хазинадор ва нозир:

— таҳсилоти олии ба вазифаи ишғолшаванада мувофиқ, ки иҷрои самараноки онро таъмин карда метавонад (миёнаи махсус танҳо барои вазифаҳои нозир-хазинадор, нозири МХБ);

— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ; 

— доштани маҳорати баланди тахассусӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ; 

— доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо ҷомеа ва дигар ташкилотҳо; 

— маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;

— донистани забони русӣ ҳатмӣ буда, забони англисӣ афзалият дорад;

— малакаи кор дар компютер, донистани MS Office (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;

— барои вазифаҳои иқтисодчии пешбар-собиқаи кории бонкӣ на камтар аз 2 сол ва ё собиқаи кории умумии на камтар аз 3 сол;

— хазинадори калон, нозир-хазинадори ивазшаванда доштани  собиқаи кории бонкӣ на камтар аз 2 солаи бонкӣ, ҳатмӣ мебошад.


Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;

— маълумотнома (справка-объективка, CV);

— варақаи шахсӣ (анкета)-и баҳисобгирии корманд;

— тарҷумаи ҳол (ҳолнома);

— расм 4 дона андозаи 3х4;

— нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);

— нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

— маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);

— маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои мардон);

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

— хислатнома аз ҷойи кори охирон;

— маълумотнома аз ҷои зист.


Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 105

Телфон барои маълумот - тел: +992 (44) 600-03-24, 600-14-44


Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 06.03.26.         




бозгашт ба рӯйхат

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк