Насбҳои POS ва QR-рамз

1.    Тавсифи POS-терминал

POS-терминал - дастгоҳи ҳисобкунӣ аз қисмати ахборотии  корт мебошад, ки барои ба амалбарории авторизатсияи электронӣ ва додани варақаи (чеки) бонкӣ ё тиҷоратӣ таъин гардидиаст.

POS-терминал одатан аз монитор, блоки системавӣ, дисплей, клавиатура, ҳисобкунаки корт, дастгоҳи чопӣ, қисми фискалӣ ва таъминнокии барнома, инчунин интерфейси корбарӣ таркиб ёфтааст.

2.    Истифодабарии POS-терминал

Раванди пардохт кардани  маҳсулоти харидашуда тавассути постерминалҳо хеле осон ва қуллай мебошад. Дар вақти пешниҳоди корти пардохти бонкӣ, аз ҷониби фурушанда корт дар ридери тарафи рост аз боло ба поён дар POS-терминал гузаронида мешавад. Баъдан рамзи махфии корт ба таври пинҳонӣ, аз ҷониби харидор ворид карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷараёни авторизатсия ба таври автоматики ба амал меояд.

3.    Афзалиятҳои истифодаи  POS-терминал

  • Кам намудани муомилоти пули нақд.

  • Зуд ва қулай гузаронидани амалиёт тариқи суратҳисобҳо.

  • Ҳифзи хазинадор аз қабули пулҳои қалбакӣ.

  • Зарурати бо худ нигоҳ надоштани маблаѓи калони нақдӣ.

  • Бехатарии пардохти мол ё хизматрсонӣ.

  • Шафофияти амалиётҳо.

  • Кам гардидани пулҳои фарсуда дар муомилот.  
4.    Ҳуҷҷатҳои лозима  барои таҳияи шартнома ва насби терминал

  • Шаҳодатномаи қайди давлатии фаъолияти соҳибкорӣ.

  • Нусхаи иқтибос.

  • Нусхаи гувоҳнома дар бораи доштани РМА.

  • Нусхаи шиноснома ва РМА-и ашхоси масъул.

5.    Имтиёзҳо ва афзалиятҳои  хизматрасонии бонкӣ

  • Насб ва пешниҳод POS-терминал                                              Ройгон     

  • Кушодани суратҳисоби 26202                                                      Ройгон

  • Хизматрасониҳои бонкӣ                                                               шартномавӣ

  • Ҳаққи хизмат барои гирифтани нақдинаnbsp;                             Ройгон

  • Кушодани суратҳисоби корти пардохтии бонкӣ                           Ройгон

  • Пайвастшавӣ ба хизматрасонии СМС-паёмак                             Ройгон

  • Пайвастшавӣ ба замимабарномаи Амонат мобайл                     Ройгон

  • Идоракунии суратҳисоби бонки тариқи Интернетбонк                 Ройгон

Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешавад.





Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк