Низоми нави махсуси андозбандӣ барои тиҷорати рақамӣ
Тавзеҳот оид ба «Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ» ва пешгирии гуногунфаҳмиҳо байни аҳолӣ ва соҳибкорон.
Пеш аз ҳама, дар доираи лоиҳаи озмоишӣ интиқоли маблағ аз ҳамёнҳо ва кортҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, кумак ба наздикон, пардохтҳои ҳатмӣ, дастгирии оилавӣ ва дигар муомилоти ғайритиҷоратӣ мавриди андозбандӣ қарор намегирад.
Ҳадафи асосии лоиҳа дастгирии соҳибкории хурд, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аст. Чунончӣ дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз паст гардида, ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад ва ҳамзамон ба харидор барои истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ 1 фоиз ҳавасмандӣ (кешбэк) баргардонида мешавад.
Бояд махсус зикр намуд, ки рушди пардохтҳои ғайринақдӣ пеш аз ҳама ба манфиати худи шаҳрвандон аст, зеро чунин хизматрасониҳо шаффофият, амният, сарфаи вақт ва роҳати бештари хизматрасониҳои молиявиро таъмин менамоянд.
Аз шаҳрвандон ва соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда бовар накарда, танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.
Дар сурати пайдо гардидани саволҳо вобаста ба масъалаи мазкур, шаҳрвандон метавонанд ба рақами кӯтоҳи 1885 ё ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон — 44-600-15-20 муроҷиат намоянд.













