Дар бораи корт
Корти миллӣ (чип) - ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифодабарӣ дар дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.
Имтиёзҳои корт
Муҳлати корт 5 сол
Дастрасӣ ба маблағ
Бо ҳисоби сомонӣ бароварда мешавад
Имкониятҳо
Арзиши корт 20 сомонӣ.
Пардохти мол ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ
Кортҳои миллӣ (пардохти миллӣ)-ба ҳамаи хоҳишмандон барои истифода намудан дохили ҷумҳурӣ, ҳамчунин амалӣ шудани лоиҳаҳои маош бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дода мешавад.
Нафақавӣ
Дар бораи корт
Нафакавӣ (чип) — Корти мазкур барои, нафақаю кумакпулӣ ва дигар маблағӽо ки аз тарафи муассиса (ташкилот ва вазорату идораӽои буҷети) ба нафакагирон ҷудо карда мешаванд пешбинӣ шудааст.
Имтиёзҳои корт
Дастрасӣ ба маблағ
Бо суратҳисоб бо сомонӣ бароварда шудааст
Муҳлати корт 5 сол
Имкониятҳо
Суратҳисоби корт бо асъори миллӣ кушода мешавад.
Саволҳо ва ҷавобҳо
Агар корт аз терминалҳои худкор пур карда шавад дар давоми 4-5 сония ба ҳисоби корт ворид мегардад.
Дастрасии корт барои мизоҷони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ аз 2 то 5 рузи кориро дар бар мегирад.
Муҳлати хизматрасонӣ ба кортҳои пардохтии бонкӣ аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст. Хизматрасонӣ ва арзиши корт аз намуди он вобаста буда (нафақавӣ, маошӣ, шахсони воқеӣ), тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи Бонк анҷом дода мешавад. (сылка ба тарофаҳои бонк).
Барои пур намудани ҳисоби корт ба филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо пешниҳод намудани реквизит муроҷиат намоед ва ҳамчунин тавассути терминалҳои худкори бонкҳои дигар низ, метавонед музднок ин корро анҷом диҳед.
Нусхаи шиноснома, 1 дона расми 3*4 ва пур намудани шакли дархост
Бояд ба СМС паёмак пайваст шуд ва дороиҳои худро идора кард.
Мустақилона мизоҷ метавонад тавассути сомонаи pay.npm.tj пайваст шавад, дар филиалҳои Бонк бошад амалгарон барои анҷоми чунин кор дастгирӣ менамоянд.
Дар мавриди гум кардани корт ё дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дорандаи корт дарҳол бояд ба бонки хизматрасон (эминтент) муроҷиат намуда, фаъолияти корти худро манъ намояд. Барои барқарор намудани ҳолати кории корт ба бонк муроҷиат намояд. (Телефонҳо барои тамос 6009022,6009071,1885)
Дар ҷои матни СМС рақами 1885 ва чор рақами охири кортатонро нависед. Навиштаҷоти худро ба рақами 5151 ирсол намоед. Сипас ПИН рамз ба Шумо тариқи СМС дастрас мегардад.
Бале, барои гирифтани кортҳои гуногун ба шумо аризаи мувофиқ навиштан лозим аст.
Ҳаққи хизматрасонии кортҳои нафақавӣ ва кортҳои маошӣ дар шабакаи Амонатбонк ройгон ва дар шабакаи дигар ташкилотҳои қарзӣ тибқи тарофаҳои тасдиқшуда муайян шудааст.
Кортҳои миллӣ танҳо дар дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад, кортҳои байналмиллалии Visa дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.
Бале, мумкин аст, Шумо бояд ба шахси интиқолдиҳандаи маблағ, рақами корт - реквизитҳои пурраи кортро пешниҳод намоед. Инчунин тавассути Амонатмобайл ва ҳамёни электронӣ метавонед бемамоният дар кутоҳтарин муддат маблағи интиқолро дастрас намоед.
Бале мумкин аст. Шуморо зарур аст аз барномаи Амонатмобайл истифода бурда маблағи дилхоҳи худро интиқол диҳед. Зеркашӣ кунед: http://onelink.to/usgxst .
Дар навбати аввал бояд ба телефонҳои дар монитори банкомат буда 446009022, 446009071 446009091, 446009066 ва рақами кутоҳи Амонатбонк 1885 занг зада ҳолати корти худро муҳосира (блокировка) намоед. - Агар корти Шуморо банкомат фуру барад ё маблағи дархостшударо банкомат надиҳад, барои баргардонидани маблағ ё корт бо пешниҳоди шиноснома ва ариза ба бонки хизматрасон (эмитент) оид ба ҳолати рухдода муроҷиат намоед. - Шумо аз терминалҳои дигар ташкилотҳои қарзӣ истифода намудед ва бо сабабҳои техникӣ банкомат корти Шуморо фуру барад, пас бояд ба ҳамон бонк муроҷиат намоед. Агар бонки хизматрасон баргардонидани корти шуморо рад созад, шуморо лозим аст ба Маркази тамоси Амонатбонк ба рақами кутоҳи (1885) занг занед.