Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 сентябр 2023

Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С. ҳозиринро бо 32-юмин солгарди ҷашни бошукуҳи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки имсол мардуми сарбаланду шарафманди кишвари азизу маҳбуби мо дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз ободиву осиштагии кишвари азизу маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.       

Зеро Истиқлоли давлатӣ беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ, мавқеъгирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Месазад ёдовар шавем, ки дастоварди бузургтарин дар тӯли 32 соли Истиқлоли давлатӣ ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст.

 Амонатбонк низ дар тули 32 соли даврони соҳибистиқлолӣ   ҷиҳати дастрасу қуллай гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди босифату саривақтии он кўшишӣ ҳамешагӣ намуда, бо фаъолияти назаррас эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардида, ҳамчун бонкӣ мардумӣ шинохта шудааст.

Имрўзҳо Амонатбонк бо 75 филиал, 548 марказҳои хизматрасонии бонкӣ   ва наздики 3 ҳазор нафар кормандон ҳатто дар дурдастаран манотиқи ҷумҳурӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.   

Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ҳозиринро бо ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, аз қадру манзалати ин ҷашн ва худшиносиву ҳувияти миллӣ ҳарф зада, иброз доштанд, ки истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Ҳамзамон бо истифода аз фазои тантанавӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори идораи ҳуқуқ Шоира Маҷидиён ва Сардори идораи ҳисоббаробаркунӣ Рустам Ализода мукофоти давлатӣ, медали хизмати шоистаро тақдим намуданд.

Дар идомаи чорабини идона шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар васфи ватану ватандорӣ ва истиқлолу ваҳдати сартосарӣ шеърҳои пурмазмун қироат намуда, таъкид сохтанд, ки маҳз азму талошҳои пайгирона ва фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардидем ва дар ин замина меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким бахшида шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллат таъмин гардид.

Дар идомаи чорабинӣ маърўзаҳои кормандони Бонк оид ба дастовардҳо дар даврони истиқлолият: Наҷмиддинзода Абдураҳмон – дар мавзўи «Қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои назаррас», Раҳматзода Баҳром – дар мавзўи «Сиёсати хориҷии дирўз ва имрўзи Амонатбонк», Сироҷов Шуҳрат – дар мавзўи «Рушди фаъолияти қарздиҳии Амонатбонк дар даврони соҳибистиқлолӣ» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар хотима ба як зумра кормандони Амонатбонк ба хотири фаъолияти назаррас ва судманд Ифтихорнома ва Раҳматнома тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк