Кормандони филиали №42 минтақаи Бохтари КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

09 сентябр 2023

Дар рӯзи гиромидошт аз Истиқлоли давлатӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар  бинои филиали рақами 42- юми КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои тозатаҷдиди  филиал дар доираи анҷоми тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Акнун дар бинои навбунёди филиали рақами 42 -юми КВД БА ҶТ " Амонатбонк" дар минтақаи Бохтар хеле замонавӣ навсозӣ шуда, барои қариб 60- нафар кормандон, аксарашонро бонувон ташкил медиҳад, шароити муосири кору фаъолият муҳайё карда шуд

Бинои филиали Амонатбонк дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз 3 -ошёна, наздик ба 40- ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгузаронӣ ,ошхона, анборҳо ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту васоили замонавии технологияи информатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Филиали рақами 42- юми Амонатбонк бо 14- шаҳру ноҳияи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Бохтар корҳои идоравӣ анҷом дода, бевосита бо дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии молиявӣ ба сокинон хизмат хоҳанд кард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк