Дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Амонатбонк

12 сентябр 2023

Санаи 5 сентябри соли 2023 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г бо иштироки шахсони мутасаддии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар он масъалаҳо вобаста ба омўзиши муқаррароти қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 2005 № 1601”Оид ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия” Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2008 № 952 “Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, №968 “Дар бораи таъсиси Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465“Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” Қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022 «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати Бонк Юсупов Б.Г оид ба гузаронидани чунин дарсҳои омўзишӣ дар филиалҳои Бонк бо иштироки кормандони он дар назди шахсони мутасаддии филиалҳо масъалагузорӣ гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк