Тренинги омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занону бонувон.
Санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар бинои асосии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар асоси нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳи 2023-2030” баргузор гардид.
Тренинги мазкур ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи роҳбарӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону бонувоне, ки дар вазорату идораҳои давлатӣ кору фаъолият менамоянд, баргузор гардида, дар он кормандони Амонатбонк аз ҳисоби занону бонувон иштирок намуданд.
Намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш зикр намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Имрӯз зан-модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкору иқтисодчии муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои рушду пешрафти кишвари азизу маҳбубамон саҳми басо арзишманд доранд.
Ин аст, ки сафи занону бонувони роҳбарикунанда сол то сол афзуда, онҳо бо илму хирад, соҳибмаърифатию соҳибхирадӣ, завқи баланд ва дилу виҷдони пок фаъолияти хешро дар ин ё он соҳа бомуваффақият ва сарбаландона ба роҳ мемонанд.
Дар интиҳои тренинг Раиси Шурои занону бонувони Амонатбонк Шаҳло Раҳимзода низ суханроӣ намуда, зикр намуданд, ки имрӯзҳо бо дастуру супориш ва дастгирии бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар сафи занону бонувоне, ки дар Амонатбонк фаъолият мекунанд рӯз то рӯз зиёд гардида, ба њолати имрўза 1377 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 47%-и шумораи умумии онҳо кормандони соњибтахассус мебошанд.
Занону бонувони Амонатбонк дар ҷавоб ба ҳама дастгириҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки бо садоқати баланд фаъолияти рӯзмарраи хешро иҷро намуда, дар рушду пешрафти низоми бонкии мамлакат саҳми бевоситаи хешро гузошта бошанд.













