Тамошои намоишномаи театрӣ аз ҷониби кормандони Амонатбонк
Театр воқеан мактаби бузург аст ва ҳар як намоиши он китоби зиндаву гӯё, андарзу сабақи рӯзгор мебошад, ки тамошобинонро ба сӯи некиву ҳақиқат, садоқату муҳаббат, инсондӯстиву ватанхоҳӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии ҳар фард нақши калон дорад.
Санаи 22-юми августи соли ҷорӣ Роҳбарият ва кормандони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар “Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ” намоиши ҷолиберо аз рӯи асари драманависи муосири тоҷик Раҷабалӣ Қудратзода бо номи “Ишқи Ватан” тамошо намуданд.
Намоиши “Ишқи Ватан” таҷассумгари чанд саҳифае аз рӯзгору фаъолияти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ буда, дар намоиш рӯҳияи ватандориву меҳанпарастӣ, садоқату муҳаббат ба Ватан-Модар, диловарию шуҷоат ва арзишҳои волои инсонӣ бо рамзу ифодаҳои театрию бадеӣ зимни баёни тақдиру сарнавишти шоири маъруфи тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ басо равшан ифода ёфт.
Намоишномаҳои таҳиякардаи театр асосан масъалаҳои иҷтимоӣ, меҳнати пурсамари мардум, ҷаҳони ботинии инсон, садоқат ба Ватану халқ, тараннуми ишқи поки зиндагӣ, инъикоси сулҳу суббот ва музаффариятҳои даврони истиқлол, ободкорӣ ва дигар комёбиҳои ҷумҳурии азизамонро инъикос карда, ба ин васила баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллии ҳар фард нақши созгор дорад.













