Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week -2021)

30 апрел 2021

Ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии Global Money Week бо иқдоми Child and Youth Finance International дар тамоми дунё ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, дастрасии бештар ба маълумотҳои зарурӣ оиди соҳаи бонкдорӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулони молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ҳафтаи байналмиллалии молия Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” санаи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар филиали №18-и ноҳияи Шаҳринав бо иштироки муҳассилини мактаби миёна, ҷавонон ва муштариёни Бонк чорабинӣ баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзӯҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, бахусус пасандозҳои муҳлатноки амалкунандаи Амонатбонк, тарзи дурусти истифода намудани барномаи мобилии “Амонат мобайл” ва анҷом додани пардохти ғайринақдӣ тавассути барномаи мазкур, пешниҳоди қарзҳо ва хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Фонди олмонии хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Аваз Ибодов бо маърӯза баромад намуд.

Мавсуф оид ба тарзи дурусти истифодаи маблағ, роҳҳои ба даст овардани фоида, манфиат аз кушодани пасандоз дар бонкҳо, усулҳои пешрафти соҳибкорӣ ва дигар мавзӯъҳои зарурӣ баромад намуд.

Дар чорабинии мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо завқи баланд иштирок намуда баъди маърузаҳо суолҳои худро ба мутахассисони соҳа пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла оид ба тарзу услуби кушодани пасандоз дар Бонк ва манфиати он, қарзҳои аз ҷониби бонкҳо пешниҳодшуда ва фоизи онҳо, дастрас намудани корти миллӣ, истифодаи дурусти замимами мобилии “Амонат мобайл” ва ғайра суолҳо пешниҳод гардида ба онҳо ҷавобҳои мушахас гардонида шуд.   

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оиди   хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид мегузорад.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк