Мулоқоти Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо мудири минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ
Дар доираи густариш додани муносибатҳои Бонк бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ санаи 19 апрели соли 2021, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо мудири минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои Маблағузории савдо, Аккредитиви ҳуҷҷатӣ, табодули таҷрибаи тарафайн ва бозомўзии мутахассисон баррасӣ намуданд.
Новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна ва бемории COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат, ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рушди фаъолияти молиявии имрўзаи БДА ҶТ «Амонатбонк» изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуд, ки омодааст дар дилҳоҳ самт ҳамкориҳоро бо Амонатбонк ҷоннок намоянд.
Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом қайд намуданд, ки Амонатбонк низ, омодааст бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар самтҳои масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта, сармоягузории мустақим ва рушди технологияҳои молиявӣ ва рақамӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкории пурсамар миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди мибаъда омодагии худро иброз намуданд.