Ҷаласа доир ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021

19 июл 2021

Санаи 17-уми июли соли ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” вобаста ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021 ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сайфзода Ш.Ҷ., муовини Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсат Худоёрзода Худоёр, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, Директори Департаменти назорати бонкии БМТ Шарипов Фируз, Сардори Раёсати молия ва ҳисобдории марказонидашудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ Ахмедов Иттифоқ, сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ва мудирони филиалҳои Амонатбонк баргузор гардид.

Дар қисмати аввали ҷаласа муовини Раиси Раёсат мӯҳтарам Ризвонзода Ф.З. баромад намуда доир ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 натиҷагирӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Бонк тамоми сайъу кўшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунӣ ва паёми навбатӣ, ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати кишвар аз рўи натиҷаи соли 2020, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа барои соли 2021 равона намуд.

Натиҷа ин аст, ки Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 33,3 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   39,2% зиёд буда, нақшаи пешбинишуда бо пуррагӣ таъмин гардид.

Ҳаҷми сармояи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 491,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   10,5% зиёд мебошад.

Дороиҳои Бонк маблағи 4,7 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4,2 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 10,5%-и зиёд мебошад.   

Бонк дар нимсолаи якуми соли 2021 дар маҷмуъ 62,4 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,8% зиёд мебошад.

Бонк ба ҳолати 30 июни соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ 661,9 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарзгирон 36,7% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 23% зиёд гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо дар паёми навбатии Пешвои миллат ҷиҳати   бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар   ва таъмини амнияти озуқаворӣ наздики 50%-и қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.

Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 июни соли 2021 вобаста ба давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.

Сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб меравад. Иҷроиши ин нишондиҳанда дар Амонатбонк дар сатҳи баланд таъмин аст ва натиҷа ин аст, ки шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба наздики 1,8 млн. нафар расидааст.     

Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 571 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4% зиёд мебошад.

Теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, ба ҳолати имрӯза 582 адад постерминалҳои Бонк дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб карда шудаанд.

Ҳамазмон ба хотири рушд бахшидан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрўзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ Амонатбонк шумораи 15 адад ташкилотҳои қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намуд. Ташкилотҳои қарзии мазкур имкон пайдо намуданд, ки тавассути низомҳои дохилиии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд.

Ба ҳолати имрўза дар Амонатбонк 1 264 нафар занон фаъолият доранд, ки 43%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Бонк кўшиш намуда истодааст, ки шумораи занонро дар соҳа боз ҳам бештар намояд.

 Баъд аз ҳисоботи муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Ризвонзода Ф.З., муовини Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсат Худоёрзода Худоёр ва муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад фикру андешаҳои хешро вобаста ба фаъолияти Амонатбонк дар нимсолаи якуми соли 2021 иброз доштанд. Гуфта шуд, ки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Аз ҷумла дар самти пешниҳоди қарз бо фоизҳои дастрас, ҷалби пасандозҳо, ва зиёд гардидани сармояи Бонк. Саҳми Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар рушди нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат назаррас унвон гардид.

Дар қисмати дуюми ҷаласа Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”   мӯҳтарам Икромӣ С.С. вобаста ба нишондиҳандаҳои иқтисодии филиалҳои Бонк фикру ақидаҳои хешро иброз намуда ба мудирони филиалҳо вобаста ба иҷроиши саривақтии вазифаҳои касбӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Директори Департаменти бехатарӣ ва кор бо қарзҳои мушкилситон Сатторов И. низ дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳои солонаи БДА ҶТ “Амонатбонк” оид ба баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол ва фуруши молу мулки барои бозфуруш дар тавозуни Бонк мавҷудбуда дар назди ҳозирин баромад намуданд. Инчунин мудири филиали №16-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Файзобод Мирализода М. вобаста ба таҷрибаи кории фаъолияти хеш ва собиқ корманди МХБ-и филиали №29-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара Валиева Гавҳар доир ба роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ баромад намуданд.

Дар охири ҷаласа филиали №16- ноҳияи Файзобод, филиали №25-и ноҳияи Роғун ва филиали №25-ноҳияи Айни барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасониҳои бонкӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонтабонк” бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

       


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк