Ҷаласа оид ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат бо коррупсия гардиданд ”
15 апрел 2026
Санаи 14-уми апрели соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ҷаласа оид ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №1.1-11/1028 “Дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат бо коррупсия гардиданд ” баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласаи мазкур муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З. Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия, Бойзода Х.С., ҳайати кормандони раёсати Амонатбонк ва филиалҳо иштирок варзиданд.
Наухст сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия, Бойзода Х.С. вобаста ба мазмуну муҳтаво “Дар бораи бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат бо коррупсия гардиданд ” маълумот дода, таъкид намуданд, ки мубориза бо коррупсия ва пешгирӣ намудан аз ин амали номатлуб, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст кардани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мову шумост.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои пешгирӣ намудан аз ин амали номатлуб ва даст назадан ба ҳолатҳои ғайриқонунии характери коррупсионидошта ҳамеша худдорӣ намоем.
Ҳамчунин иброз шуд, ки КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иҷрои ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ва нақшаи амалисозии он барои марҳилаи якум солҳои (2021-2025)-ро саривақт ва бо сифат таъмин намудааст.
Таъкид карда шуд, ки новобаста аз корҳои анҷомдодашуда шахси масъул ва ҳамиҷрокунандагони ин ҳуҷҷати муҳимро зарур аст, ки дар оянда низ барои самаранок ва бо сифат иҷро кардани ҳуҷҷатҳои болозикр кўшиш ба харҷ диҳанд.
Сипас намояндаи агентӣ Бойзода Х.С. ба саволҳои аз ҷониби ҳозирин пешниҳодгардида ҷавобҳои муфид дода, даъват ба амал оварданд, ки моро месазад дар ҳамбастагӣ барои решакан кардани ин амали номатлуб дар ҷомеа муборизаи беамон бурда бошем.













