Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Ванҷи ВМКБ
Дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар ноҳияи Ш.Шоҳин ва дар хонаи фарҳанги деҳаи Мотравини ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо иштироки масъулини раёсати Амонатбонк, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва нафақагирон чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ гузаронида шуд.
Нахуст кормандони дастгоҳи марказии раёсати Амонатбонк бо рунамо дар мавзӯъҳои “Пул ва идоракунии он”, “Буҷаи оила”, “Пешгирӣ аз қаллобон ва бартарияти кортҳои бонкӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.
Дар идома миёни иштирокдорон озмуну викторинаҳо оид ба идоракунии пул гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.













