Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ғолиби озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин”

21 апрел 2026
Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” аз рӯйи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ”  сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дипломи МИҲД шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Озмуни мазкур бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии онҳо, густариши фарҳанги китобхонӣ дар оила ва ҷомеа, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани маънавиёти сокинони пойтахт доир мегардад.

 Ҳамзамон ин иқдом барои талқини арзишҳои миллӣ ва ташвиқи сокинон ба иштироки фаъол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нигаронида шудааст.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк