Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар шаҳри Душанбе.

17 маи 2022
Санаи 14-уми майи соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур, ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутухассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, дар маҷмӯъ 236-нафар иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. оғоз намуда, иттилоъ доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одобу муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон, ҳамасола вохурии Раиси Раёсат бо мутахассисони бонк дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Дар рафти вохури ҳисоботи сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. аз фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии шаҳри Душанбе дар чор моҳи соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба таври рунамо пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар шаҳри Душанбе 7- адад филиал бо теъдоди 62 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 3-адад хазинаи шабонарузӣ ва 13-адад хазинаи бегоҳӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раис Раёсати бонк ҷиҳати зиёд намудани пайвастнамоӣ бо СМС-паёмак, истифодаи барномаи Амонат-мобайл, интернет-банкинг ва ривоҷ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир марказҳои хизматрасонии бонкии беҳтарин, хазинаи шабонаи МХБ-и №024-и филиали №06-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Фирдавсӣ; хазинаи шабонаи МХБ-и №013-и филиали №05-и БДА ЉТ “Амонатбонк” дар ноњияи И.Сомонї; МХБ-и №008-и филиали №04-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сино бо Ифтихонома сарфароз гардиданд.
Қайд карда мешавад, ки вохуриҳои Раиси Раёсати Бонк бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамасола баргузор мегардад ва имсол низ ин иқдом идома дорад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк