Иштироки кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Рӯзи дави миллӣ

15 маи 2022
Ҳамасола бо иштироки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар кишвар Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида дар он теъдоди зиёди иштирокчиён бо омодагии хос ба давидан машғул гардиданд.

Дар чорабинии варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи дави миллӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар баробари дигар вазорату идораҳо кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк ” низ фаъолона ширкат намуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиши велосипедронӣ пеш аз дави миллӣ мусобиқаи велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони ҷавони Бонк фаъол буданд.

Кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахусус насли ҷавон, дар баробари фаъолияти соҳавӣ ба варзиш ва дар ин замина солимии хеш эътибори чиддӣ зоҳир намуда мунтазам дар мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Варзиш кафили зебоӣ ва саломатӣ ба ҳисоб рафта барои машғул шудан ба он тамоми шарту шароити мусоид дар кишвар муҳайё буда ҳамасола теъдоди зиёди муассисаҳо ва майдончаҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ба истифода дода мешавад.





Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк