Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт
Санаи 12-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовини Раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло, Раиси минтақавии БМТ дар ноҳияи Рашт Ниёзов Мустафо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар оғози ҷаласа суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти филиалҳо ва МХБ-ҳои минтақаи Рашт фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Роҳбарияти Бонк оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қатъии қоидаҳои одобу муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки бо шукргузорӣ аз шарту шароити фароҳамгардида ҳар нафар корманди Бонк бояд рисолати касбии хешро софдилона ва бо виҷдони пок амалӣ намояд.
Дар баробари ин таваҷҷуҳи хосса ба сатҳу сифати хизматрасонии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ зоҳир гардида, гуфта шуд, ки барои рушд бахшидани низоми ғайринақдии пардохт дар мамлакат, пайваст намудани корти ҳар як мизоҷи Амонатбонк ба смс паёмак ва ба барномаи мобилии “Амонат-мобайл” дуруст ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт вусъат дода шаванд.
Яке аз воситаи хуби назорати амалиётҳои кортӣ аз ҷониби худи дорандагони корт ин пайваст гардидани мизоҷон ба СМС паёмак мебошад. Аз ин рӯ барои бархӯрдор будани мизоҷони Бонк алалхусус нафақахӯрон аз ин хизматрасонӣ кормандони Бонкро мебояд вобаста ба ин масъала таваҷҷуҳи худро равона намоянд. Ҳамзамон оиди тарзи дурусти истифодабарии барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва анҷом додани амалиётҳои гуногун тавассути он ҳар як мизоҷи Бонк бояд бархӯрдор бошад.
Дар ҷаласа сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек низ баромад намуда қайд карданд, ки ба ҳолати имрӯза 5 филиал ва 27 адад марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” ба мардуми минтақаи Рашт хизматрасонии босифат ва зарурии бонкиро пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон 27 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо таҷҳизотҳои техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд аз ҷумла компютер ва пост терминалҳо. Дар филилҳо ва МХБ-ҳои минтақаи Рашт ҳамарӯза ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ расонида мешавад. Аз қабили интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ, амалиётҳои хазинавӣ, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.
Дар охири ҷаласа маркази хизматрасонии бонкии №112-и филиали №76-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Рашт, маркази хизматрасонии бонкии №079-и филиали №12-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод ва маркази хизматрасонии бонкии №665-и филиали №21-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонтабонк” бо Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.
Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати расмии Хазинаи байналмилалии асъор
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон