Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти ҶС “МТС-банк” –и ФР.

21 сентябри 2022

21 сентябри соли ҷорӣ дар дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва ноиби президенти ҶС “МТС-банк”-и ФР Сорококин Глеб Михайлович баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарони воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ ва аз ҷониби ҶС “МТС-банк”-и ФР Палчун К.В. –роҳбари самти интиқоли маблағҳо ва намояндаи ҶС “МТС-банк”-и ФР   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Ҷ.Ҷ. иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶС “МТС-банк” дар самтҳои амалиётҳои асъорӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корт, қарздиҳӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ, васеъ намудани хизматрасониҳо тавассути барномаи бонкдории мобилӣ ва ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъкид намуданд, ки Амонатбонк идомаи ҳамкориҳои молиявиро дар сатҳи зарурӣ миёни бонкҳо барои ҳалли масъалаҳои молиявии соҳибкорони ҳарду кишвар муфид медонад.

Қайд кардан ба маврид аст, баъд аз ба имзо расонидани Шартномаи генералӣ бо ҶС “МТС-банк” санаи 16-сентябри соли ҷорӣ Амонатбонк суратҳисобҳои мукотибавии худро кушод.

Иқдомҳои мазкур пеш аз ҳама барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ ва ҳамватанони бурунмарарзӣ буда, барои амалиётҳои бонкӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк