Забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад

04 октябри 2022
Имрӯз дар Бонки давлатиии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба муносибати Рўзи забони давлатӣ, чорабини баргузор гардид. Дар чорабини Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С. С. , Раиси Кумитаи забон ва истилоҲоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, шоири халқии Тоҷикистон, муҳаққиқ -таърихшинос муҳтарам Ҳотам, ҳунарманди  халқии Тоҷикистон  Ортиқ Қодир иштирок намуданд. 
       
Дар оғози чорабини Раиси Амонатбонк муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, зикр карданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад. 
     
Забони модарии мо донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи таърихи миллати тоҷик  ба ҳисоб меравад. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон ифшо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
           
Мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рўдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ, Айнию Бобоҷон Ғафуров ва садҳо нафари дигар осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.
         
Дар замони соҳибистиқлолӣ муҳиммияти муқаддасоти  забони модарӣ дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд. Яъне  китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
 
Ҳамзамон дар рафти чорабни  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон баромада намуда, иброз дошт, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист. Аз ин рӯ бояд аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшанд.
 
Инчунин шоири халқии Тоҷикистон, муҳаққиқ -таърихшинос Муҳтарам ҳотам ва ҳунарманди  халқии Тоҷикистон  Ортиқ Қодир атрофи забони давлатӣ суханрони намуда, аз ашъори шоирону нависандагон бо забони шевои тоҷикӣ қироати шеър намуда,  иброз доштанд, ки  дар воқеъ забони мо сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва мо соҳибони ин забон мебошад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк