Амонатбонк барои донишҷуёни «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» семинари омузишӣ баргузор намуд.

15 марти 2023

КВД БА ҶТ "Амонатбонк" баҳри тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаи бонкӣ ва барои дар оянда фаъолият кардани онҳо дар филиалҳои Бонк як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Аз ҷумла, дар як зумра муасcисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ба монанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд) синфхонаҳои таълимии Амонатбонк кушода шудаанд.

Ҳадаф аз ин ҳамкориҳо тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони бонкӣ, инчунин мутахассисони баландихтисос аз рўи ихтисосҳои “Кори бонкӣ”, “Молия ва қарз”, “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”, “Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)”, аз тарафи кормандони Бонк баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ барои муҳассилин, фароҳам овардани шароити мусоид ба донишҷўёне, ки барои гузаштани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибомўзиҳои истеҳсолию пеш аз дипломӣ ба Бонк сафарбар мешаванд, ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкил ва гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввари муштарак ба шумор меравад.

Санаи 10-уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассисони Амонатбонк барои донишҷўёни бахши иқтисодии Донишгоҳ семинар дар мавзўи “Пасандозҳои аҳолӣ” баргузор карда шуд.

Ба ширкаткунандагон - шунавандагон доир ба таърихи пайдоиш ва рушди Амонатбонк, самтҳои асосии фаъолият ва мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар, фаъолияти Амонатбонк дар самти сиёсати амонатию пасандозӣ, намудҳои пасандозҳои муҳлатнок маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади тарғибу ташвиқи хизматрасониҳои бонкӣ ба донишҷўёни муассисаи олии мазкур варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи Қарордоди Созмони Милали Муттаҳид аз 9-уми апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои ИДМ аз 25-уми ноябри соли 2011, ҳамасола дар ҷаҳон 15-уми март ҳамчун Рўзи умумҷаҳонии ҳимоя ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.

Дар кишвари мо низ аз соли 2022 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд ва 15-уми март ҳамчун Рўзи умумҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эътироф гардид. Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда ба шунавандагон доир ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк