Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

14 марти 2023

Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 15-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин санаро бо баргузории силсилаи чорабиниҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн мегирад.

Санаи 14-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони КВД БА ҶТ "Амонатбонк" бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аксияи тарғиботӣ баргузор гардида, дар доираи он ба мизоҷони Бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар рафти аксия ба шаҳрвандон оид ба фаъолияти Маркази тамоси Амонатбонк маълумот пешниҳод гардида, зикр гардид, ки барои дарёфти маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, ру ба ру шудани онҳо бо мушкилӣ, пайдо шудани суол ё дархосту пешниҳод онҳо метавонанд бемамоният ба рақами кӯтоҳи 1885 дар тамос шаванд.

Дар баробари ин аз ҷониби мутахассисони Амонатбонк ба шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус маҳсулотҳои қарзӣ, пасандоз, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, низомҳои интиқол, кортҳо ва ғайра варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, оид ба ин намуди хизматрасониҳо маълумот пешниҳод гардид.

 



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк